ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, якшанбе, 344-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 10, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1948 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд.

***

10 декабри соли  1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

10 декабри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 9 декабр дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд.

***

10 декабри соли 2013 дар бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расонидани созишномаҳои Барнома оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ баргузор шуд.

*** 

Соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати  муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ба тасвиб расониданд.

***

10 декабри соли 2017 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

10 декабри соли 2022 дар Душанбе Стратегияи амнияти иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

 10 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон.

***

Рӯзи ҷаҳонии футбол.

***

Дар Тайланд – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Баҳром Шермуҳаммадов- соли 1934, — адабиётшинос,  фолклоршинос, доктори илми филология (1988), профессор (1993), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1994).

Декабрь 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст