ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, панҷшанбе, 348-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 14, 2023 08:00

14 декабри соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд.

 ***

14 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

***

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷопон  баргузор гардид.

***

14 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

 ***

14 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ҳамватани русиягӣ баргузор гардид.

***

14 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз» ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

***

14 декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Баҳриддин Зиёӣ дар кори конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши вакилон дар татбиқи нақшҳои миллии амал оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомези барои терроризм заминасоз», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

14 декабри соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

14 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ 

Ширин Бунёд- соли 1941-Шоири халқии Тоҷикистон. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Декабрь 14, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст