ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, шанбе, 350-умин рӯзи соли 2023 аст

16 декабри соли 1970 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналмилалӣ декларатсия қабул намуд.
***
16 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.
***
16 декабри соли 2009 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол барои соли 2009 муайян намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ин ҷадвал дар байни 207 давлати ҷаҳон ҷои 165-умро ишғол намуд.
***
16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
***
16 декабри соли 2015 мактаббачагони тоҷик дар Олимпиадаи барномасозии Қазоқистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
***
16 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 2-юми навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
16 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ ба муҳлати нави чорсола ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.
***
16 декабри соли 2022 байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
16 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Баҳрайн — Иди миллӣ.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.