ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, якшанбе, 351-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 17, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.

***

17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори  фахрии бахши  робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.

***

17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

***

17 декабри соли 2016  сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукуҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Зимни ворид шудани меҳмони олимақом- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.

***

17 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик баррасӣ шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 Шурои Маҷлиси намояндагон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

 ***

17 декабри  соли 2020 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

17 декабри соли 2021 ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ доир шуд

***

17 декабри соли 2022 Шаҳло Саидалиева- хонандаи синфи 10-и Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид.

17 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи кинои Беларус.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.

***

Дар  Бутан — Рӯзи миллӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:

Моёншо Назаршоев -соли 1929- арбоби давлатӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, олим, доктори илмҳои таърих, профессор. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Декабрь 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш