ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, сешанбе, 353-юмин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 19, 2023 08:00

19 декабри соли 1991 охирин маротиба ордени Ситораи Сурх супорида шуд.

***

19 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе машварати «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.

***

19 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии лоиҳаи нави «Ҳифзи фарҳанги мусиқии анъанавӣ ба воситаи иштироки ҷомеаи маҳаллӣ» доир шуд.

***

19 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.

***

19 декабри соли 2014 дар ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «ВАО-и русзабон дар шароити ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

Соли 2016 калонтарин ҳавопаймои вақти Тоҷикистон — Boeing 767300  ба парвоз шуруъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 иштирок намуданд.

***

19 декабри соли 2018  дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

19 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

19 декабри соли 2022 дар Тошканд дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуданд.

19 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

 Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Мушаррафа Қосимова — соли 1918 — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1974). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Декабрь 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст