ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, панҷшанбе, 355-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 21, 2023 08:00

21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алматои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.

***

21 декабри соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардид.

***

21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хосса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ  намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо, ки то даври финалии Ҷоми  КФО – 2015 баромад, дастаи соли Тоҷикистон эълон намуд.

***

21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

***

21 декабри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ  (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи  эҳтимолӣ 58,87 хол касб намуда, ҷойи 92-юмро ишғол намуд.

***

21 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва 20-солагии Маркази фарҳангии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

***

21 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

***

21 декабри соли 2019  дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.

***

21 декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.

***

21 декабри соли 2022 Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 доир шуд, табрик намоям».

***

21 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт.

21 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тоҳир Собиров -соли 1929 -ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи синамои тоҷик.  Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон (1966). Котиб (аз 1962) ва Раиси (1996—1999) Иттифоқи кинематографистони (синамогарони) Тоҷикистон.

Декабрь 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш