ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, ҷумъа, 363-юмин рӯзи соли 2023 аст
29 декабри соли 1991 дар Узбекистон барои ба даст овардани истиқлолият раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.
***
29 декабри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуда, бо тарбиятгирандагони он суҳбати ҷолиб анҷом доданд.
***
29 декабри соли 2012 Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024»-ро қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расониданд.
***
29 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:
Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Юсуфҷон Аҳмадзода —соли 1947- шоир, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000).