ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, шанбе, 364-умин рӯзи соли 2023 аст
30 декабри соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ шуд.
***
30 декабри соли 2008 ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» натиҷаи назарсанҷӣ байни роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуданд.
***
30 декабри соли 2009 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул гуфтугӯи телефонӣ доир шуд. Сарварони ду давлати дӯст вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуда, дар бораи рушду густариши минбаъдаи он муфассал мубодилаи афкор намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.
***
30 декабри соли 2010 хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки донишҷӯёни ин вилоят гирандаи стипендияи ба номи Д.И.Менделеев гардиданд, ки ташкилкунандаи он Фонди рушди «Институти тадқиқоти Авруосиёӣ» дар Федератсияи Русия мебошад.
***
30 декабри соли 2020 байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода шуд.
30 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳайдаршо Пирумшоев-соли 1944 – олим, муаррихи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор