ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Доир ба он дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор шуд

Декабрь 3, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо кормандони соҳаи телевизион ва радио доир шуда, дар он омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ҷараёни татбиқи ин санади меъёрию ҳуқуқии муҳим дар ҷомеа, бахусус тавассути расонаҳои пуриқтидор, ба мисли телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи телевизион ва радио хабар медиҳад.

Дар оғози мулоқот Раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро яке аз се қонуни сирф миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ номида, қабулу татбиқи онро бо назардошти хусусияти ҷомеа  муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба зарурати таҳия, моҳият ва ҳадафҳои ин қонун изҳор дошт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи равандҳои ҷаҳони муосир барои ҳифзу ҳимояи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, инчунин муқовимат ба таъсири манфии ақидаву ғояҳои бегона дар ҷомеа таҳия ва татбиқи чунин санади меъёрию ҳуқуқӣ дар шакли қонун ба амал омад. Татбиқи босамари он дар бисёр маврид аз истифодаи фаровони иқтидори аҳли зиёи мамлакат, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ вобастагии зиёд дорад. Дар ин радиф телевизион ва радио ба сифати василаҳои муқтадири афкорсоз дар ҷомеа дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон метавонанд вазифаи муҳимро иҷро намоянд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио ба шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дастур дод, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаъолиятро боз ҳам тақвият бахшида, таҳия ва пахши барномаву гуфторҳоро дар мавзуи ватандӯстӣ бештар намоянд ва бо ҷалби мутахассисони соҳа ва аҳли зиё шарҳу тавзеҳи қонунро тавсеа бахшанд.

Мулоқот дар доираи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» доир шуд.

Дар интиҳои мулоқот як зумра кормандони сохторҳо, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

 АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд