Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили таҳкимбахши пояи давлатдории миллӣ мебошад

Декабрь 25, 2023 16:04

 ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тақвияти ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсӣ доир гардид.​​

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, вохӯрӣ ҷиҳати фаҳмонидани аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир шуд.

Иброз гардид, ки ин мавзуъ хеле муҳим буда, бе суботи сиёсӣ пешрафтҳо дар ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошанд. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.

Таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя менамоянд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус буда, ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҳамчунин чунин мулоқот ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояи давлатдории миллӣ» баргузор шуд.

Иброз гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷумлаи ибтикороти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон робитаи амиқ дорад.

Дар вохӯрӣ хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷомеаи муосир таъкид гардида, гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ шабакаи интернет афзалияти бемаҳдудро соҳиб буда, ҷомеаро бо якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ намудааст. Дар байни онҳо ҷиноятҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор рафта, мубориза бо онҳо амали саривақтӣ ва хеле зарурӣ аст.

Чунин силсилавохӯриҳо давоми соли хониш бо ҷалби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту ташкилоти дахлдор ​ мунтазам идома меёбанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Декабрь 25, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад