Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад

Декабрь 13, 2023 16:47

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамзамон дар ҳамоиш оид ба омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021 – 2023», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ва ба ин васила тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти милливу давлатӣ сухан гуфта шуд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории ҳамоиш оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон имкон фароҳам меорад, то масъалаҳои мубрами ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад