Татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии ин лоиҳа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак»- Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар аъзои ин созмон, инчунин масъулини гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таваҷҷуҳи ҳозирин ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа- Файзобод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб шуд.
Дар ҷаласа ҳолати татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, бахусус корҳои анҷомёфта дар соли 2023 аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Инчунин нақшаи Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи лоиҳа мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таклифҳо пешниҳод шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзои ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






