«ТИЛЛОИ САФЕД». Фалла устухонро боқувват ва системаи асабро беҳтар месозад
ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фалла (творог) маҳсулоти ширии ферментшудае аст, ки дар асоси шир ва хамир тайёр шуда, манбаи асосии витаминҳои В ва калсий, макро-микроэлементҳо ва миқдори зиёди моддаҳо мебошад. Он устухонро боқувват, системаи асабро беҳтар ва резиши мӯйро барқарор месозад.
Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов, «инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм творог истеъмол намояд. Творог дорои миқдори зиёди калсий дар шакли осон ҳазмшаванда, инчунин витаминҳои B1, B2, PP, C ва ғайра мебошад. Ба ташаккули гемоглобин мусоидат намуда, қобилияти барқарорсозии системаи асабро беҳтар менамояд, бофтаҳои устухон ва инкишофии онро мустаҳкам месозад. Онҳое, ки вазни худро гум менамоянд, шир намехӯранд ва ё дар хоб мушкилӣ доранд, бояд творог истеъмол намоянд».
Мутахассис маслиҳат медиҳад, ки ин маҳсулоти шириро ба кӯдакон низ бояд дод, чун истеъмоли он фоидаовар аст. Зеро кӯдакон дар давраи инкишоф қарор доранд ва устухони онҳо ба калсий бештар ниёз дорад.
Бино ба навиштаи нашрияи тиббии WebMed, творог манбаи бойи калсий мебошад. Ин элемент дар нигоҳ доштани саломатии устухон нақши муҳим дорад. Одамоне, ки миқдори ҳаррӯзаи калсийро истеъмол менамоянд, эҳтимоли камтар ба бемории остеопороз гирифтор шуданро доранд.
Ин маҳсулоти хӯрокворӣ ба мӯйи инсон низ фоидаовар аст. Зеро он сифати мӯйро хуб намуда, решаи онро мустаҳкам ва рехтани онро пешгирӣ менамояд.
Ба тавсияи мутахассисон, ин маҳсулот ба занони ҳомиладор барои нигоҳ доштани зебоии пӯст, мӯй ва нохунҳо зарур аст. Илова бар ин, маҳсулот дорои оҳан аст, ки ба фаъолияти системаи репродуктивӣ таъсири хеле судманд мерасонад.
Ба гуфтаи Ҷаҳон Азонов, шахсе, ки ба варзиш машғул мебошад, хӯрдани фалла пеш аз хоб ва пеш аз машқ метавонад ба барқароршавии мушакҳояш таъсири мусбат расонад ва ба мубодилаи моддаҳо дар организм мусоидат намояд.
Барои он ки кӯдак серҳаракат ва солим ба воя расад, нишаста ва дилпурона бархезад, устувор ба по биистад, устухонҳо ва дандонҳои қавӣ дошта бошад, аз 8-моҳагӣ ба рӯйхати ғизои ӯ фалларо ворид месозанд.
Вақти хуби истеъмоли фалла — ин субхгоҳон ва шом ба шумор меравад. Ба нафароне, ки гирифтори бемории илтиҳоби луобпардаи меъда (гастрит), дарди гурда буда, ба латкоза ҳассосият доранд, ба онҳо хӯрдани фалла манъ аст. Инчунин ба онҳое, ки вазни зиёд доранд ё гирифтори бемории музмини шарёнҳо (атеросклероз) ҳастанд, истеъмоли миқдори зиёди творог тавсия дода намешавад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки фалла маҳсулоти зуд вайроншаванда аст, бинобар ин онро дар яхдон на бештар аз 2-3 рӯз нигоҳ доштан зарур аст.
Мардум фалларо «тиллои сафед» меноманд. То ҳол касе таърихи пайдоиши онро намедонад. Вале назарияе вуҷуд дорад, ки маҳсулот тасодуфан пайдо шудааст — шире, ки дар рӯи миз мондааст, турш шуда, ба қисматҳои хурд-хурд ҷудо шудааст. Баъдан истеъмоли он ба мардум писанд омада, аз ҳамон вақт одамон ба истеъмоли он шуруъ намудаанд.
Дар Ҳиндустон фалларо рамзи хушбахтӣ ҳисобидаанд ва римиёни қадим хӯрдани онро бо асал дӯст медоштаанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз








БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»






