Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва тиб табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва варзиш Нурмуҳаммад Аманнепесов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбати судманд ҷонибҳо атрофи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва тиб, варзиш ва сиёсати ҷавонон табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкории башардӯстона байни ду давлати дӯст таъкид гардида, рағбати ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн таъйид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






