««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва пирӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ««Тоҷикон» – шиносномаи миллат» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Ҳамоиш бо порча аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат оғоз шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин пирӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ба даст овардани Шоҳҷоиза муборакбод намуд.
Таъкид дошт, ки аз 6 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат ба тасвиб расида буд. Ҳадафи асосии ин ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши амиқу дақиқи таърихи ниёкон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабиёти дохиливу хориҷӣ таълиф гардидааст, таърихи бою пурғановати моро дар чор марҳила: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав инъикос менамояд ва аҳаммияти муҳим дорад. Ин шоҳасар тамоми бурду бохти миллати тоҷикро дар раванди таърих ба таври мушаххас ва бо истифода аз манбаъҳои муътамад нишон медиҳад.
Бобоҷон Ғафуров аз чеҳраҳои дурахшони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, корномаи рангини ӯ бахше аз ифтихороти ҳаммиллатони мо ба шумор меравад. Фаъолияти чашмгири ӯ дар чанд ҷабҳа ҳама ғурурофарину таҳсинбарангез аст. Агар ба рӯзгори ин фарзанди барӯманди миллат назар афканем, дар тамоми мароҳили он сабақу ибратҳои фаровонеро мебинем, ки барои тарбияи наслҳои ҷомеаи мо муфиду судманд хоҳад буд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйи мизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид намуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «…шартҳои муҳимми таърихнависӣ — муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя намудааст»,- иброз дошт ректори донишгоҳ.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва Шоҳҷоизаи озмун мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Аз ҷумла, ба ғолиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни байни донишҷӯён донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих Шоира Давлатзода 10 ҳазор сомонӣ, Ифтихорномаи донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин ба ғолибони ҷойи дуюм 5 ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаи донишгоҳ тақдим шуд. Ҳамзамон ба иштирокчии фаъоли озмун 1500 сомонӣ тақдим шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд
Соли 2026 ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон 19,8 миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия факултети журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият шуруъ менамояд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Маркази миллии тестӣ: аз 11 то 13 август озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд






