«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд

Декабрь 2, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок намуданд.

Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) хонандаи синфи 10-и гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Беназир Шоева соҳиби ҷойи 1, хонандаи МТМУ №53-и шаҳри Душанбе Файзигул Хайруллоева соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 9-и гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Исломиддин Собиров соҳиби ҷойи 3-юм  гардиданд.

Дар байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Фазилатмо Саидова соҳиби ҷойи 1, докторанти Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Шарипова соҳиби ҷойи 2 гардиданд.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун корманди ТВ «Варзиш» Парвизи Маҳмадамин соҳиби ҷойи 1, корманди радиои «Фарҳанг» Убайдулло Хуҷаёров соҳиби ҷойи 2-юм гардиданд.

Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Дилшод Ниёзов соҳиби ҷойи 1, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳина Абдураҳмонова оҳиби ҷойи 2-юм гардиданд.

Дар байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Навраста Дӯстова барандаи «Шоҳҷоиза»  эълон гардид.

Инчунин байни гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр)  донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода  барандаи «Шоҳҷоиза»  эълон гардид.

Тавре қаблан хабар додем, дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён сухан гуфта, баргузории озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва дарки таъриху фарҳанги ниёгон зарур донист. Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Ҳамзамон ба ғолибони «Шоҳҷоиза» маблағи 70 000, ба ғолибони ҷойи аввал 50 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 35 000 ва ҷойи сеюм 25 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар баробари ин ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 2, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд