Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Ашқобод иштирок намуд

Декабрь 27, 2023 16:43

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар кори  конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи  «Ҷавонони хушбахт бо Аркадаг Сердар» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Италия, Чин, Туркия, Фаронса, созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони ҳамкории исломӣ,  инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии кураш ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот иштирок намуданд.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории таърихӣ бо Туркманистонро, ки ба эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, хеле қадр менамояд.

«Давоми зиёда аз сӣ соли истиқлолият давлатҳои мо дар ҳамкории созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ ҷамъ намудаанд.  Ин сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркманистон, албатта, пеш аз ҳама, хизматҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд»,-афзуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки дар тамоми ҷаҳон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва навовар эътироф шудаанд. Таъмини таҳкими иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан ғайриимкон аст.   Бешубҳа, афзалияти стратегии сарнавишти ҷавонон барои давлат ва ҷомеа истифодаи самаранок ва рушди ғояҳои пешқадам ва пеш аз ҳама, неруи инноватсионие, ки ҷавонон муҳаррики асосии он ҳастанд, мебошанд.

Воқеан, давлат ҷавононро як қишри асосии ҷомеаи ояндасоз эътироф намуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки барои он шароит фароҳам оварад ва ақлу малакаи зеҳнии онҳоро ба пешрафти тамоми соҳаҳо ҷалб созад.

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Гузашта аз ин, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва идораи давлатӣ, аз ҷумла тавассути дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, соҳиб шудан ба ихтисос, касбу ҳунар, шуғли аҳолӣ,  мавқеи махсуси ҷавонон дар ҷамъият таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар симпозиуму конференсияҳо, форумҳо, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ давлати соҳибистиқлоли моро бо ифтихори бузург муаррифӣ менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2023 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид