Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд

Декабрь 20, 2023 17:34

ДУШАНБЕ, 20.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Кавилмадам Рамасвами Паравати мулоқот анҷом дод, ки зимни он ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти Ваколатдор.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба густариш ва дурнамои рушд, инчунин ҳамоҳанг намудани ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои шартномавии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба волоияти қонун, имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ҷиҳати густариш додани фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дастрасӣ ба мақоми «А», ки аз ҷониби зеркумита оид ба аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ мешаванд, мавриди суханронии тарафайн қарор гирифтанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2023 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд