Варзишгарони ноҳияи Шаҳринав дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ва шашка сазовори «Ҷоми Пешвои миллат» гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 варзишгари ноҳияи Шаҳринав дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сазовори Ҷоми Пешвои миллат гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Муҳиба Очилдиева аз намуди шоҳмот ҷойи якум, хонандаи ҳамин муассиса Меҳрона Ҳайдарова аз намуди шашка ҷойи сеюм, хонандаи Муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №9 Нодира Негматова ҷойи сеюм ва донишҷӯ Нозанин Негматзода аз намуди шашка сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






