Вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро дар Дубай баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб вазирони энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Алӣ зимни мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба интиқол ва савдои неруи барқ — CASA-1000-ро, ки арзиши умумии он 1,2 миллиард доллари америкоиро дар бар мегирад, баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, ки мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон дар Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Мутттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазирон иброз доштанд, ки сохтмони иншооти ин лоиҳаи бузург дар қаламрави Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо дастгирии дастҷамъонаи худро барои оғози ҳарчи зудтари марҳилаи истифодаи тиҷоратии лоиҳа иброз медоранд. Дар ин самт вазирон Изҳороти дахлдорро ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба вусъат бахшидани корҳо дар татбиқи ин лоиҳа омода намуданд.
Дар мулоқот вазирон аҳамияти Лоиҳаи CASA-1000, тарҳи беназири интиқоли байниминтақавии неруи тозаи барқ ва ташаббусро дар самти энергияи «сабз», ки ду минтақа – Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, тасдиқ намуданд.
Изҳор гардид, ки ин лоиҳа на танҳо сатҳи некуаҳволии сокинони маҳаллиро, ки аллакай аз ин лоиҳа манфиат мегиранд, боз ҳам беҳбуд мебахшад, балки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим низ саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






