Ёсуман Назарова дар Фестивали байналхалқии сирки кӯдакону наврасон соҳиби ҷойи дуюм гардид

Декабрь 12, 2023 15:52

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 декабр дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия Фестивали байналхалқии сирки  кӯдакону наврасон- «Ба забони ҷаҳонӣ («На языке мира») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон  Ёсуман Назарова мақоми дуюмро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин фестивали байналхалқӣ намояндагони 17 кишвари олам иштирок намуда, санъати худро ба намоиш гузоштанд. Фестивал таҳти унвони «Ба забони ҷаҳонӣ» баргузор гардида, байни кормандони навраси студияҳои сиркӣ, мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва дигар таълимгоҳҳое, ки дар он санъати олитарини бозиҳои сиркиро меомӯзанд, аз рӯи 8 номинатсия доир гашт.

Намояндаи Тоҷикистон дар ин фестивал Ёсуман Назарова бо санъати волову нотакрораш зимни намоиш додани гимнастика дар рӯйи канаб мақоми 2-юмро соҳиб гардид ва бо ҷоизаи нуқрагини фестивал ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ёсуманро ҳайати кормандону ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон, дӯстону наздикон ва ҳамсабақон пешвоз гирифтанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2023 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид