Заминаи техникии Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон тақвият дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Заминаи техникии Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шуда, аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ як радиометри тамғаи МКГ-01 барои муайян намудани сатҳи радиатсия, маҷмуи озмоишгоҳии октонаметри тамғаи 2М7с-SX барои муайян намудани сифати сӯзишворӣ, таҷҳизоти садоченкунӣ, таҷҳизот барои ченкунии суръати партовҳо дар манбаъҳои муташаккил харидорӣ ва дастрас гардиданд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти дастрасгардида ба фаъолияти самараноки Маркази назорати таҳлилию ташхисии кумита мусоидат менамояд.
Ҳамзамон соли равон бо дастгирии роҳбарияти Кумита шароити мусоиди корӣ барои кормандони Марказ ташкил гардид, аз ҷумла, компютеру принтер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид.
Инчунин дар доираи лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ (TJK-water guality 11)» аз тарафи мутахассисони Институти ҳифзи муҳити зисти давлати Финландия ба Марказ моддаҳои кимиёвии зарурӣ барои ташхиси таркиби об аз рӯи панҷ нишондод дастрас гардид. Аз ҷониби ин лоиҳа ба шуъбаҳои маҳаллии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ се маҷмуи компютер ва як таҷҳизот (PH метр) барои муайян намудани нишондиҳандаи гидрогенӣ, минералнокӣ, намакнокӣ ва қувваи электроҳаракатдиҳанда дастрас гардид.
Ин тадбирҳо ба сифатнок ва самаранок амалӣ намудани фаъолияти таҳлилию ташхисии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ ҷиҳати пешбурди мушоҳидаҳои экологӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






