Заминаи техникии Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон тақвият дода шуд

Декабрь 21, 2023 10:11

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Заминаи техникии Маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шуда, аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ як радиометри тамғаи МКГ-01 барои муайян намудани сатҳи радиатсия, маҷмуи озмоишгоҳии октонаметри тамғаи 2М7с-SX барои муайян намудани сифати сӯзишворӣ, таҷҳизоти садоченкунӣ, таҷҳизот барои ченкунии суръати партовҳо дар манбаъҳои муташаккил харидорӣ ва дастрас гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти дастрасгардида ба фаъолияти самараноки Маркази назорати таҳлилию ташхисии кумита мусоидат менамояд.

Ҳамзамон соли равон бо дастгирии роҳбарияти Кумита шароити мусоиди корӣ барои кормандони Марказ ташкил гардид, аз ҷумла,  компютеру принтер    ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид.

Инчунин дар доираи лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ  (TJK-water guality 11)» аз тарафи мутахассисони Институти ҳифзи муҳити зисти давлати Финландия   ба Марказ моддаҳои кимиёвии зарурӣ барои ташхиси таркиби об аз рӯи панҷ нишондод дастрас гардид. Аз ҷониби ин лоиҳа ба шуъбаҳои маҳаллии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ се маҷмуи компютер ва як таҷҳизот (PH метр) барои муайян намудани нишондиҳандаи гидрогенӣ, минералнокӣ, намакнокӣ ва қувваи электроҳаракатдиҳанда дастрас гардид.

Ин тадбирҳо ба сифатнок ва самаранок амалӣ намудани фаъолияти таҳлилию ташхисии Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ ҷиҳати пешбурди мушоҳидаҳои экологӣ мусоидат менамоянд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 21, 2023 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст