Зиёда аз як миллион нафар дар Британияи Кабир дар шароити камбизоатии пӯшида зиндагӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 1,3 миллион нафар дар Британияи Кабир дар шароити душвориҳои пӯшида зиндагӣ менамоянд ва метавонанд аз кумак маҳрум гарданд, зеро камбизоатии онҳо аз ҷониби аксар сарватмандтараҳои маҳали зист пинҳон карда мешавад. Дар ин хусус агентии иттилоотии «Синхуа» бо истинод ба рӯзномаи «Гардиан» иттилоъ медиҳад.
«Ақаллияти этникӣ эҳтимол дар ин минтақаҳои хурди камбизоатии шадид пайдо шаванд, ки дар тадбирҳои мавҷудаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва давлатӣ барои маблағгузории мақсадноки мубориза бо камбизоатӣ инъикос нашудаанд», — навиштааст рӯзномаи бритониёӣ бо истинод ба барномаи таҳқиқотии ҷуғрофиёшиносони Донишгоҳи Квинс дар Белфаст.
Намунаҳои равшани он минтақаҳои Лондон, Оксфорд ва Манчестер маҳсуб мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






