20 зани болаёқат тибқи Барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» соҳиби сертификат шуданд

Январь 9, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 зани болаёқати мақомоти давлатӣ аз рӯйи Барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» соҳиби сертификати хатми машғулияти такмили ихтисос гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, машғулият дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ барои тақвият додани дониши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва маҳорати суханварии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз  13 октябри соли 2023 то 5 январи соли 2024 доир шуда, ба он 20 зани болаёқати вазорату идораҳо ҷалб гардид.

Омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон пайваста дар мадди назари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Академияи идоракунии давлатӣ, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин самт ҳамкории судманд амалӣ менамоянд.

Шунавандагони машғулият таассуроти худро оид ба омӯзиш ба забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ иброз дошта, аз сифати ташкили машғулият изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Соли 2023 дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат беш аз 60 зани мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба чунин машғулияти дарозмуддат ҷалб шуданд. Барои шунавандагон дар баробари машғулият машварату ҳамоиш вобаста ба масоили идоракунии давлатӣ ташкил шуда, ҳамзамон китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ тақдим гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бори дигар таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шуд. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат содиқона хизмат менамоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону духтарони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб шудаанд, ки ин раванд минбаъд низ идома меёбад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид