25 СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН. «Садои Душанбе» яке аз маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Радиои «Садои Душанбе» 25 сол пур шуд.
Радио дар ҳақиқат воситае аст, ки дар замони муосир ҳамчун рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.
Шабакаи «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав аз рӯзҳои аввал тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад ва имкониятро барои интихоби мавҷ ба шунаванда фароҳам биорад. Дар баробари ин таваҷҷуҳ намудан ба мушкили иҷтимоии мардум ва бозгӯйи воқеоти рӯзгори онҳо маҳбубияти шабакаро баланд намуд.
Беҳтарин барномаҳои он солҳо, ки то ҳол кормандон ва шунавандагони ҳамешагии радио аз онҳо ёдоварӣ менамоянд, «Сиёҳу сафед», «Ҳафт ахтар», «Арзу тӯли иқтисод», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Хонавода», «Мизон», «Ангеза», «Интизорӣ», «Дугонаҳо», «Зиндагии паси саҳна», «Ошиқони Хуршед», «Дурахши ситораҳо» ва ғайра мебошанд.
Тавре Сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе» Фирӯз Каримзода иброз намуд, «имрӯз низ дар шабакаи «Садои Душанбе» барномаҳои ҷолибу шуниданӣ хеле зиёд мебошанд. Шуниданӣ ба он далел, ки мухлисон ба ин ё он восита дар барнома иштирок менамоянд, савол медиҳанд, назарашонро пешниҳод месозанд ва роҳи ҳалли мушкилашонро аз барномаҳо меҷӯянд.
Барномаҳои «Чашми дил» ва «Гар дасти фитодае бигирӣ» равшанзамирону дигар гурӯҳҳои маъюбу эҳтиёҷмандро ба зиндагӣ дилгарм сохтанд. Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрӯз пайи иҷрои рисолати асосии худ — расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қарор дорад. Барномаҳои «Муошират», «Нигоҳи рӯз», «Асри дақиқ», «Ҳадиси зан» , «Ҳадаф», «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», «Муждаҳои истиқлол», «Навои дилошӯб», «Муъҷизаи савту наво», «Мадади Сино», «Ҳамсадо», «Базми хусравонӣ», «Барги сабз», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Сарзамини ҷовид», «Ҳунар аз молу мероси падар беҳ», «Хабар», «Бахши русӣ», «Ҷаҳони футбол», «Фирдавс инҷост», «Ҷилои ҳунар», «Дунёи ҷавонӣ», «Тоҷикистон», «Аз ҳавас то фоҷеа», «Сиришт» ва ғайра маҳсули эҷоди онҳо аст».
Ҳайати эҷодӣ ва техникии шабака тасмим гирифтааст, ки соли 2024 лоиҳаҳои зеринро пешниҳоди сомеон гардонад: “Мулоҳиза”, “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст”, “Рӯзгори рӯзноманигор”, “Мо ва табиат”, “Ҳафт рӯзи Душанбе”, “Махзани маънӣ”, “Неру”, “Асри дақиқ”, “Хандасаро”, “Чароғи хонадон”, “Набзи пойтахт”, “Маърифати шаҳрвандӣ” ва ғайра…
Фаъолияти пурмаҳсули кормандони шабака дар сомона — sadoidushanbe.tj сабаби он гардид, ки «Садои Душанбе» соли 2021 дар озмуни шаҳрии Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ соҳиби мақоми дуюм, диплом ва ҷоиза гардад.
АКС аз манбаъҳои боз








ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд






