29 январ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 баргузор мегардад.
Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» (кӯчаи Беҳзод, 25, назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм») нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот оид ба ҷамъбасти соли 2023-ро метавонанд аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






