35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 136 иншооти гуногун ба истифода дода шудааст

Январь 21, 2024 11:14

ЁВОН, 21.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  бунёду навсозии 498 иншооти таъйиноти  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 136 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ёвон Суҳроб Сиддиқзода ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, ки нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба эълони Солҳои рушди саноат  (2022-2026)  ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шудааст. Дар доираи он дар ноҳия зиёда аз 34 коргоҳу корхонаи нави  саноатӣ, 50 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 иншооти соҳаи маориф, 10 иншооти фарҳангӣ, 20 иншооти варзишӣ, 23 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 иншооти соҳаи сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 иншооти хизматрасонию савдо ва 52 иншооти дигар бунёд мегардад.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, дар иншооти ба истифода супорида зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Январь 21, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд