35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони замонавӣ бунёд мешавад

Январь 8, 2024 18:19

ДУШАНБЕ, 08.01.24. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмони 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони​ кӯдакистони рақами 9-и шаҳри Хуҷанд низ аз ҷумлаи ин иншоот мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Иншоот аз 3​ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои қабулу таълими кӯдакон дар 16​ гурӯҳ пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва пудратчиён ҶДММ «Сайҳуни Хуҷанд» ва ҶДММ «Хушофар» мебошанд. Лоиҳаи бино бо назардошти талаботи соҳа омода гардида, мувофиқи он ҳар гурӯҳ дорои утоқҳои алоҳидаи хобу истироҳат, машғулиятгузаронӣ, хӯрокхӯрӣ, дастшӯӣ ва либосивазкунӣ мебошад. Баробари ин, толори тамошои кино, гимнастика, мусиқӣ, ошхона, утоқҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, дар саҳни он бунёди 16​ айвон ва ду ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар айни замон дар ин иншоот 50​ сохтмончӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Сохтмони иншоот соли 2023 оғоз гардида, мувофиқи нақша имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 8, 2024 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд