35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Панҷакент 556 иншоот ба истифода дода мешавад

Январь 8, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 556 иншоот пешбинӣ шуда, 313-тои он мавриди истифода қарор дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Паҷакент.

Ҳоло сохтмони 33 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, дигар иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ идома дорад.

Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо чанде аз ин иншооти сохташаванда ба роҳбарону мутахассисони ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда, бо сифати хуб ва риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ тезонидани корҳои сохтмонӣ дастур дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Паҷакент

Январь 8, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд