Агентии таҳқиқоти аэрокайҳонии Ҷопон амалиёти аввалин модули қамарии ҷопонии SLIM-ро барқарор намуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Ҷопон бо модули қамарии SLIM робита барқарор сохтанд, он маротибаи аввал 20 январ аз замони фуруд омадан ба кор шуруъ намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус Агентии таҳқиқоти аэрокайҳонии опон (JAXA) иттилоъ додааст.
«Шоми 28 январ мо тавонистем бо SLIM тамос барқарор намоем ва мо ба кор оғоз бахшидем»,-изҳор шудааст дар паёме, ки дар саҳифаи лоиҳаи SLIM X (собиқ Twitter) нашр гардидааст. Гуфта мешавад, ки фавран пас аз барқарор намудани тамос аксбардорӣ бо истифода аз камераи махсуси спектроскопӣ доир шуд.
Чанд соат пас аз фуруд омадан 20 январ, тақрибан соати 00:20 ба вақти Токио дастгоҳ хомӯш шуд, зеро он дар гирифтани неру аз нурҳои офтобӣ мушкилӣ дошт ва аз ҳисоби аккумулятори дохилӣ таъмин мегардид.
JAXA ишора намудааст, ки баъди чанд вақт кунҷи фаромадани шуоъҳои Офтоб ба Моҳ тағйир меёбад ва кори модулро баробари қабули неру шуруъ намудан мумкин аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






