Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат густариш дода, ҳоло бо 13 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар доираи барномаи табодули академӣ 45 донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷии дигар давлатҳо, ки Академия бо онҳо созишномаи ҳамкорӣ дорад, ҷалб шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷаллаи илмию сиёсии «Идоракунии давлатӣ» дар Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия сабти ном шуда, ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид гардид. Инчунин ба таври доимӣ шумораҳои нашршудаи маҷалла ба китобхонаи илмии электронии e-library.ru ворид шуда, дар асоси дархости хаттии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия пурра ба сомонаи маҷаллаҳои илмии Русия rng.riep.ru ворид шуданд.
Дар айни замон хазинаи умумии китобхонаи илмӣ ва электронии Академия 2 278 033 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 22 033 нусха дар хазинаи асосӣ ва 2256 000 маводҳои электронии дар фонди Китобхона дастрас мебошанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






