Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон густариш дода шавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки самтҳои нави фаъолсозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари коҳиши ахири гардиши мол таҳия шаванд. Дар ин хусус Сарвари давлати Беларус дар мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба БелТА.
Александр Лукашенко тазаккур дод, ки иқтисод ва ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ асоси ҳама гуна муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд.
«Заминаҳои муносибатҳои мо, ки асоси онро ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ташкил медиҳад, набояд сарфи назар карда шавад. Бинобар ин, бояд дар ин самт корбарӣ намоем, то гардиши молро ба марҳилае, ки қарор дошт, баргардонем. Ва албатта, мо барои афзоиши гардиши тиҷорати байнидавлатӣ молу маҳсулоти кифоя дорем, — изҳори итминон намуд Президенти Беларус Александр Лукашенко ва таъкид намуд, ки бо назардошти зарфияти мавҷуда 70, 80 ва ҳатто 100 миллион доллари ИМА гардиши мол барои Беларус ва Тоҷикистон ночиз аст».
Ӯ илова намуд, ки ҳарду давлат имконоти якдигарро хуб медонанд ва байни мардумони Беларусу Тоҷикистон ва раҳбарони ин давлатҳо муносибатҳои деринаи дӯстона ва эътимодбахш густариш ёфтаанд.
«Метавон гуфт, ки мо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносиботи хуби дӯстона дорем. Мо аз ҳамдигар сирри пинҳонӣ надорем. Аз ин рӯ, мо муносибатҳои мо дар сатҳи бисёр баланд қарор доранд», — таъкид намуд Президенти Беларус.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода дар навбати худ паёми гарму самимӣ ва дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвари давлати Беларус расонида, барои мулоқот изҳори сипос намуд. «Мо Шуморо ҳамчун дӯсти бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯсти самимии Пешвои миллати тоҷик медонем. Дӯстии шумо барои мо, дипломатҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ ва мардуми бародари ду давлат мояи ифтихор мебошад», — таъкид намуд Бахтовар Сафарзода.
АКС: president.gov.by








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






