Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин санади қабули гранти ройгон ба маблағи 2 миллион долларро ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Ин грант аз ҳисоби номаҳои табодули байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 августи соли 2023 дар ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида буд.
Ҳамзамон пас аз имзои ин санад мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо ба сатҳи нав расида, ҳаҷми савдои хориҷии мутақобила сол то сол зиёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки савдои мутақобилаи хориҷии давлатҳо соли 2023 24 фоиз афзоиш ёфта, Чин дар сохтори гардиши савдои хориҷии мамлакат дар ҷои дуюм қарор дорад.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди «сабз»-ро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






