Ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Фаронса густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири навтаъйини Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Жули Оффре-Карю баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонум Элза Пиниёлро барои таъйин шудан ба ҳайси Сафири Фаронса дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон, хусусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бо муасссисаҳои илмии Фаронса густариш дода мешавад.
Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба сохтор, самтҳои фаъолият, имконияту зарфияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод.
Изҳори умед шуд, ки минбаъд низ робитаҳои илмию техникӣ байни ду давлати дӯст – Тоҷикистон ва Фаронса беш аз пеш густариш ва таҳким меёбанд.
Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба меҳмонон туҳфаҳои хотирмон ҳадя гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






