Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-501
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қосимӣ Заробиддин роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№АП-502
ҚОСИМӢ Заробиддин
Аз 31 августи соли 2020 дар мансаби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кор мекунад.
Соли таваллуд: 04.11.1967 Ҷои таваллуд: н.Данғара, в.Хатлон
Миллат: тоҷик Таҳсилот: олӣ
Соли 1991 Донишгоҳи милии Тоҷикистон хатм кардааст.
Ихтисос: забонҳои шарқ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ ва англисӣ
Вакили халқ хаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ/соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Рутбаи дипломатӣ: Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II
Рутбаи тахассусӣ: Мушовири давлатии дараҷаи 3
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 6 фарзанд
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
| Солҳои 1990-1992 | — | омӯзгори забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №48-и н.Шоҳмансури ш.Душанбе; |
| Солҳои 1992-1993 | — | ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
| Солҳои 1993-1996 | — | нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
| Солҳои 1996-2005 | — | сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
| Солҳои 2005-2015 | — | машваратчии калон, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
| Солҳои 2015-2016 | — | Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
| 28.03.2016-31.08.2020 | — | Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ; |
| Аз 31.08.2020 то 29 январи соли 2024 |
— | Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ш. Қоҳира. |








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд






