Қарзи давлатии ИМА аз 34 триллион доллар гузашт
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қарзи давлатии Амрико бори аввал дар ҳама давру замон аз 34 триллион доллар гузашт, гуфта мешавад дар маълумоти навшудаи сомонаи Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Тибқи маълумоти охирин, то ҳолати рӯзи сешанбе қарзи ИМА 34, 001 триллион долларро ташкил медиҳад. Ҳанӯз дар моҳи сентябри соли гузашта ин рақам дар сатҳи 33 триллион қарор дошт.
Ба гуфтаи коршиносоне, ки ба РИА «Новости» иттилоъ доданд, хизматрасонӣ ба чунин қарзи бузурги давлатӣ метавонад ба Вашингтон тақрибан дар ҳаҷми сеяки даромади буҷет зарар расонад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






