ҶАШНИ САДА ВА ЭҲЁИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Январь 28, 2024 09:51

ДУШАНБЕ, 28.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба гиромидошти ҷашни Сада таҳти унвони «Ҷашни сада ва эҳёи он дар замони истиқлол» конференсияи илмӣ–назариявӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Гуфта шуд, ки бо касби Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо намудаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари мамлакат бо шукуҳи хос таҷлил мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки Сада дар радифи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, оғози он ба давраи подшоҳии Пешдодиён мерасад. Агар Наврӯзро мувофиқи фарҳанги тақвими миллиамон сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада ҷашни савуми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз — сари соли оянда мебошад. Аммо бояд дар назар гирифт, ки ин ҷашн аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст.

Ректори донишкада бо такя ба осори адибон ва маъхазҳои таърихӣ оид ба зуҳур, ҷойгоҳ ва шаҳомати фарҳангии ҷашни Сада маълумот дода, изҳор дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила хусусияти байналмилалӣ гирифта, оинҳои инсонсоз ва фарҳангу санъати оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гувоҳи ин гуфтаҳо аст.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Январь 28, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид