БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Аз ҷумла дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 8 синфхонаи иловагӣ барои 400 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 7 синфхонаи иловагӣ барои 350 хонанда дар ду баст ва дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, дар онҳо баҳри донишомӯзии хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ Муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти ба номи Раҳмонов Муассисаи томактабӣ барои 50 кӯдак ва дар деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти ба номи Раҳмонов Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои замонавӣ ва муассисаҳои томактабии дорои шароити мусоид сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба маротиб хубтар гардидааст.
Инчунин дар деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев маркази саломатӣ ва таваллудхона баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ҷалби соҳибкорон ва маблағгузории шарикони рушд 1 мактаб барои 1200 хонанда, 114 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 16 мактаб ва се муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол сохтмони як муассисаи таълимии нав барои 800 хонанда дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод ва дар заминаи 20 муассисаи таълимӣ 211 синфхонаҳои иловагӣ барои 11000 нафар дар ду баст идома дорад. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар 8 муассисаи томактабӣ барои 1000 кӯдак идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад






