БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонию роҳсозӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ идома доранд. Аз ҷумла, бо ин мақсад 6 км роҳи деҳаи дурдасти Хуми Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода қумфарш гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Сокинони ин маҳалла иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукуҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар тоҷкистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузорад.
Бояд гуфт, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ бахшида ба сазовар пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ дар шаҳри Турсунзода вусъати тоза пайдо намудаанд.
Масъулин талош доранд, ки иншооти гуногуни нақшавиро то муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд. Бо ин мақсад дар Ҷамоати деҳоти Работ низ бетонпӯшкунии роҳҳо идома дошта, масъулин муваззаф шудаанд, ки корҳоро дар ин самт босифат анҷом диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






