БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар кӯли шаҳрии Бӯстон корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо вазъи имрӯзаи кӯли шаҳрӣ шинос шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Зимни шиносоӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободониву тозагии атрофи кӯл, шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ, гузаронидани корҳои сабзазоркунӣ, таъмир ва рангубори панҷараҳои атрофи кул, барқарорсозии пояҳои равшанидиҳанда, сафолакпӯш намудани роҳравҳои атрофи кӯл ва дигар тадбирҳои барқарорсозӣ ба масъулини шуъбаи сохтмони асосӣ, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахшҳои меъморию шаҳрсозӣ ва ҳифзи муҳити зист дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити хубу мувофиқ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон моро зарур аст, ки барои ҳалли тадбирҳои гуфташуда ҳарчӣ бештар ҷаҳду талош намуда, ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои назаррабои шаҳр табдил диҳем.
Барои барқарор ва таъмирсозии пойгоҳҳои обкашии назди кӯл, дарёфти роҳҳои воридкунии оби иловагӣ ва тозагии оби кӯл масъулин вазифадор гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






