Байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин Қарордод оид ба тасмими ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 30, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тасмими ҳамкорӣ қарордод  ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар доданд, қарордод дар Маркази Конфутсий дар доираи татбиқи амалии банди 9.3. Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин аз 7 сентябри соли 2022, инчунин Протоколи ҷаласаи сеюми комиссияи Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо бо бастани қарордод метавонанд минбаъд ҳамкориро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла мониторинг ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, технологияҳои обсарфакунанда ва бехатарии оби нӯшокӣ, энергетикаи атомӣ, коркард ва истифодаи технологияҳо дар самти гидроэнергетика, энергияи шамолӣ ва офтобӣ, мониторинги пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои марбутаи ҷавобӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, назорати ифлосшавӣ ва амнияти экологӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра амалӣ намоянд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 30, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид