Байни Тоҷикистон ва Италия робитаҳои илмию адабӣ густариш меёбанд

Январь 16, 2024 16:37

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми  Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи густариши робитаҳои илмию адабиро баррасӣ намуданд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Италия табодули назар намуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Италия дар оянда  робитаҳои илмию адабӣ ва ҳамкории фарҳангиро тақвият мебахшанд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2024 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд