Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия Мехмет Шимшек баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин мулоқот ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиш ва табодули таҷриба байни ду мақомоти давлатӣ ба амалишавии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия иброз намуданд.
Дар ин рӯз дар Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳумро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия Мехмет Шишмек ба имзо расониданд.
Ин санад ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.
Инчунин зимни сафари ҳайати намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ Серкан Кайалар вохӯрӣ намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамчунин дигар самтҳои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад






