БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии таъмини рушди босуботи давлат мебошад

Январь 1, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи давлатдории кишварҳои гуногун собит намудааст, ки ҳар ҷомеае, ки ба сифати сармояи бунёдӣ дар рушди давлатдории худ ба сармояи инсонӣ такя менамояд, қодир аст рушди ояндаи босуботи худро муташаккилона таъмин намояд. Зеро маҳз инсон бо қобилияти фитрии худ қодир аст ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад. Аз ин нуқтаи назар Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ифодакунандаи ҳадафи сиёсати давлат дар масъалаи рушди сармояи инсонӣ мебошад. Чунин иброз намуд узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода зимни ибрози таассуроташ ба  АМИТ «Ховар».

Махфират Хидирзода гуфт, ки  вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд, ки «рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Воқеан ҳам тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин масъала хусусияти мунтазам ва доимӣ дошта, ба боло рафтани нишондиҳандаҳо дар ин самт мусоидат менамоянд.

Омӯзиши Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар фарҳанги давлатдории мо ба ҳукми анъана даромада, таҳлили он нишон медиҳад, ки он саросар мавзуи таъмини рушди самараноки неруи инсонӣ, заминагузорӣ баҳри таҳкими минбаъдаи хизматрасонии иҷтимоӣ, боло бурдани мавқеъ ва нуфузи илму маърифат ҳамчун ченакҳои асосии рушди неруи инсонӣ, ҳифзи саломатии инсон ба сифати боигарии давлат, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ бо мақсади такомули шахсиятро дар бар мегирад.

Таҳлили паёмҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки масъалаи таквияти ин сармояи бузургу ҳаётан муҳим пайваста дар ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз мавриди таъкид қарор гирифта, вобаста ба анҷоми тадбирҳо ҷиҳати тақвияти он дастурҳои мушаххас дода мешаванд. Масалан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 таъкид гардида буд, ки «нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ–дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар ин самтҳо барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ амалӣ намуда, дар ду соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Махсусан, мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро амалӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро бо суръат пеш бурда истодаем».  Бо ин мақсад Пешвои миллат то соли 2030 дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок таъмини рушди сармояи инсониро ҳадафи муҳимтарини иҷтимои иқтисодӣ маънидод намуда буданд.

Дар Паёми соли 2018 таъкид гардида буд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имконияти содиротии мамлакат, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст».  Дар ин маврид ҳам тақвияти неруи инсонӣ ҳамчун маҳаки таъминкунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ гардидааст.

Нишондиҳандаҳои оморие, ки дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» вобаста ба ин масъала оварда шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки воқеан ҳам тадбирҳо дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд. Масалан, дар Паёми соли 2018 вобаста ба дарозумрии аҳолӣ, ки яке аз ченакҳои рушди сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад, иброз гардида буд, ки «дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо намуда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан  2,1 ва 2,6 баробар паст гардид».

Дар Паёми соли 2021 вобаста ба ин масъала тазаккур дода шуд, ки «соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд».

Вобаста ба ин масъала дар Паёми имсола баён гардид, ки дарозумрии аҳолӣ ба ба 76,3 сол расидааст. Ин ҳам яке аз нишонаҳои самаранокии беҳтар гаштани нишондиҳандаҳои неруи инсонӣ дар мамлакат мебошад.

Дастовардҳое, ки имрӯз дар натиҷаи амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф ва тандурустӣ  ба даст оварда шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати давлат дар масъалаи тақвияти сармояи инсонӣ моҳияти стратегӣ дорад.

Боло рафтани таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои гуногуни маърифатию зеҳнӣ, дастовардҳои назаррас дар соҳаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва сол ба сол зиёд шудани шумораи довталабони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» нишонаи амиқи тақвияти мавқеъ ва нуфузи илму дониш дар ҷомеа мебошад.

Дар ин замина метавон хулоса намуд, ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии таъмини рушди босуботи давлат мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб