Барф ва борони ниҳоят шадид фаъолияти нақлиётро дар Скандинавия ва Олмон халалдор намуд

Январь 18, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барфи шадид ва борони ниҳоят сард дар минтақаҳои шимолӣ ва марказии Аврупо сабаби бесарусомонӣ шуданд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба БелТА хабар медиҳад, дар ин хусус агентии Associated Press иттилоъ додааст.

Дар фурудгоҳи Франкфурт дар Олмон борони ниҳоят сард сабаби  қатъ шудани парвозҳо шуд, дар Осло бар асари боридани барфи зиёд биниши фазо барои халабонҳо коҳиш ёфта, боиси муваққатан баста шудани фурудгоҳ гардидааст.

Бинобар бориши барфи зиёд дар Скандинавия нақлиёт аз ҳаракат мондааст. Дар ғарб ва ҷануби Олмон борони ниҳоят сард сабаби  садамаҳои нақлиётӣ шуда, дар баъзе роҳҳо ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ манъ гардид. Deutsche Bahn ҳаракати қатораҳои дурравро бекор намуд ва баъзе мактабҳою корхонаҳо бинобар мавҷуд будани шароити хатарнок дар роҳҳо баста шуданд.

АКС: скриншоти видеои AP

Январь 18, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад