Бо иштироки беш аз 5 ҳазор довталаб дар Душанбе олимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз 13 фанни таълимӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди зеҳнии хонандагони боистеъдод баргузор карда мешавад.
Дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб ба олимпиада роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 1 986 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошанд.
Олимпиада пурра тибқи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.
Олимпиадаи фаннӣ то 6 январ идома ёфта, баргузории он яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб намудани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






