Чжан Мин дар интихоботи президентии Озарбойҷон ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхайро роҳбарӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай ҷиҳати иштирок ва назорат дар интихоботи президентӣ, ки 7 феврал доир мешавад, ба Боку меравад. Дар ин хусус агентии «Kazinform» бо истинод ба хадамоти матбуоти созмон иттилоъ медиҳад.
Ҳайатро дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин роҳбарӣ менамояд.
Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай 4 феврал дар Озарбойҷон ба кор шуруъ менамояд. Вохӯриҳо бо роҳбарияти Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин аъзои комиссияҳои интихоботии участкавӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои нозирони дигар давлатҳо ва ташкилоти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Тавре хабар дода шуд, интихоботи ғайринавбатии Президенти Озарбойҷон 7 феврал баргузор мегардад. Дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ Комиссияи марказии интихоботӣ 7 номзадро сабт намудааст.
АКС: хадамоти матбуоти Созмони ҳамкории Шанхай








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






