Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба моҳияту арзишҳои миллии ҷашни Сада конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба иди Сада дар мавзуи «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода оид ба таърихи бою ғанӣ доштани иди Сада ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шудани ин ҷашни қадимӣ маълумот дод.
Дар ҳамоиш аз ҷониби кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов дар мавзуъҳои «Таърих ва оинҳои ҷашни Сада», «Сада- ҷашни миллӣ ва мардумӣ», «Ҷашни Сада – пайғоме аз ғалабаи нур бар зулмот» маърузаҳо пешниҳод гардид.
Иброз гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои миллию қадимии миллати тамаддунофари тоҷик буда, ин ҷашн тибқи ривояту анъанаҳои гузаштагон аз омад — омади фасли баҳор, омодагиҳои деҳқонон ба кишту кор, зуҳури равшанӣ бар зулмот ва сардӣ бар гармӣ, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ё сад рӯз мондан ба иди Наврӯзро хабар медиҳад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






