Дар Алмато бар асари заминларза 8 нафар маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар натиҷаи заминларза 8 нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Дар ин хусус дар идораи тандурустии шаҳр хабар доданд.
Тибқи иттилои агентии ТАСС, дар натиҷаи заминларза дар Алмато ба ҳолати соати 03:00-и 23 январ 8 нафар захмӣ шуда, ҳамаи онҳо фавран ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода шуданд. Дар гузориши хадамоти матбуотӣ гуфта мешавад, ки се нафар аз ошёнаҳои 2 ва 3-юми хонаҳои истиқоматӣ ба берун парида, маҷруҳ шудаанд.
Тибқи маълумоти зилзилашиносони қазоқистонӣ, қувваи заминларзаҳо дар Алмато тақрибан 5 баллро ташкил медод. Бисёре аз сокинони шаҳр пас аз ин аз тарси таконҳои такрорӣ фавран манзилҳояшонро тарк намудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






